Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натиҷаҳои пешакии интихоботи Қирғизистонро эълом мекунанд


Интизор меравад, имрӯз натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи порлумонии Қирғизистонрро эълом кунанд, ки нахустин низоми порлумонӣ дар Осиёи Марказиро таъсис хоҳад дод. Интихоботи рӯзи якшанбе бидуни хушунат баргузор шуд ва мақомот мегӯянд, ҳудуди 57 дар сади мардум дар интихобот ширкат кардаанд. Дар вилояти ҷанубии Ош саҳнаи низоъҳои хунини миёни қирғизу ӯзбакҳо, 66 дар сад раъй додаанд. Бар асоси шумориши 20 дар сади оро ҳизби миллатгарои “Отаҷурт” ва ё ватан даҳ дар сади раъйи мардумро ба даст оварда дар интихобот пешсаф аст. Сипас Ҳизби сотсиал демократӣ, Ҳизби Республика, Ору номус ва Отамакон меоянд.
XS
SM
MD
LG