Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти хабарнигори собиқи Радиои Тоҷикистон


Ба думболи шикояти расмии Асадулло Раҳмонов, раиси кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон як хабарнигори собиқи радиои кишварро боздошт кардаанд. Асадулло Раҳмонов, Ҳуснигул Даминоваро ба “авбошӣ» муттаҳам карда ва ба додгоҳ кашидааст. Қимат Розиева, вакили дифоъи Ҳуснигул Даминова боздошти хабарнигорро ғайриқонунӣ хонд. Асадулло Раҳмонов раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, ин иддаъо беасос аст. Пештар аз ин моҷаро додгоҳе дар Душанбе, амри Асадулло Раҳмонов барои аз мақомаш барканор кардани Ҳуснигул Даминоваро беасос дониста ва ӯро дар мақомаш барқарор карда буд.
XS
SM
MD
LG