Пайвандҳои дастрасӣ

Бисту панҷ вакили афғон ба тақаллубкорӣ муттаҳам мешаванд


Кумиссиёни шикоёти интихоботии Афғонистон эълом кард, 175 номзад ба вакилӣ бо шумули 25 вакили феълии порлукмон ба тақаллубкорӣ дар интихоботи порлумонӣ муттаҳам мешаванд. Ба гуфтаи Аҳмад Зиё Рафъат намояндаи кумиссиён, аз замони баргузории интихобот дар рӯзи 18 сентябр то кунун, онҳо бештар аз 4 ҳазор шикоят гирифтаанд, ки дар сурати дуруст будани иддаъоҳо ба натиҷаҳои ниҳоии интихобот таъсир мегузорад. Барои соҳиб шудан ба 249 курсии Вулуси ҷирга, палатаи поёнии порлумони Афғонистон, бештар 2500 номзад ба вакилӣ дар интихобот ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG