Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди пулиси Сербистон бо тазоҳургарон


Раҳпаймоии ҳамҷинсгароён дар шаҳри Белгради Сербистон ба хушунат ва бархӯрд бо нерӯҳои пулис печид. Садҳо мухолифони раҳпаймоӣ ба сӯи маъмурони мусаллаҳи пулис, санг ва дигар ашё партоб карданд ва пулис ҳам бо гази ашковар ва тирҳои резинӣ посух дод. Дар тазоҳурот ҳамчунин дафтари ҳизби ҳокими демократи Сербистон каме сӯхт. Дар ниҳояти амр, оромӣ дар ин маҳал барқарор шуд, вале бар асари хушунат 120 нафар аксаран маъмурони пулис захмӣ ва 100 тани дигар ҳам боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG