Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ ду муттаҳам ба қатли бритониёҳоро табраа кард


Як додгоҳи Бағдод, ду ироқиро, ки ба қатли шаш сарбози Бритониё муттаҳам мешуданд, табраъа кард ва ё бегуноҳ донист. Болиғ Ҳамдӣ Ҳикмат, раиси муҳокимаи додгоҳӣ, ки дар Бритониё таваҷҷӯҳ ба он зиёд аст, гуфт, бинобар набудани шаҳодатҳои мустақим, иттиҳомот алайҳи он ду нафар беасос дониста шудааст. Мақомоти Бритониё мегӯянд, моҳи июни соли 2003 гурӯҳи бузурги ироқиҳо, сарбозони бритониёиро то дохили як қароргоҳи пулис таъқиб карда ва дар ҳамонҷо куштанд.
XS
SM
MD
LG