Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи қарори баҳсбарангези мухолифини Арманистон


Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳи Арманистон мегӯяд, дар сурати ба раъйгирӣ гузоштани тарҳи қарори мухолифин ҷиҳати эътирофи Вилояти Қаробоғи Кӯҳӣ ба ҳайси кишвари мустақил мухолифи ин қарор раъй хоҳад дод. Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, ин тарҳро Ҳизби мухолифи мерос пешниҳод кардааст, ки дар он аз давлат хоста шудааст, Қаробоғи Кӯҳӣ, вилояти худмухтори умдатан арманинишини Озарбойҷонро ба ҳайси кишвари мустақил эътироф кунад. Арманистону Озарбойҷон то соли 1994 барои ин вилоят ҷангидаанд ва музокироти онҳо доир ба сарнавишти ин вилоят, ки бо Арманистон равобити наздик дорад, то ҳол натиҷае надодааст.
XS
SM
MD
LG