Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатҳи ширкат дар интихоботи Қирғизистон "рекордӣ" номида шуд


Бино бар хабари Кумитаи марказии интихоботии Қирғизистон рӯзи якшанбеи 10-уми октябр теъдоди рекордии раъйдиҳандагон баробар бо 43 дарсад аз шумори умумӣ дар интихоботи порлумонӣ ширкат карданд. Ин интихобот қарор аст, низоми идории Қирғизистонро ба фарқ аз давлатҳои президентии Осиёи Марказӣ ба низоми порлумонӣ табдил диҳад. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, натиҷаҳои пешакии раъйдиҳӣ рӯзи душанбе эълон хоҳад шуд. Интихобот бидуни ҳаводисе ҷараён гирифт. Порлумони нав сарвазири нави кишварро, ки салоҳиятҳои густарда хоҳад дошт, таъин хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG