Пайвандҳои дастрасӣ

Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, иддаои вакили дифоъи Ҳуснигул Даминова - хабарнигори боздоштшудаи ин кумита дар мавриди боздошти ғайриқонунии зерҳимояашро бепоя хонд.

Ӯ, ки бидуни микрофон сӯҳбат мекард, афзуд, хонум Даминова дар ҳоли ҳозир корманди кумита нест ва то ба итмом расидани бозрасии парвандааш аз сӯи мақомоти тафтишотӣ қазоват кардан бармаҳал аст.

Қимат Розиева, вакили дифоъи Ҳуснигул Даминова рӯзи шанбе зимни номае аз Додситони кулли Тоҷикистон, додситони шаҳри Душанбе ва раиси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дархост кардааст, ки нафари таҳти ҳимояташро барои беасос будани иттиҳомоташ бидуни қайду шарт озод кунанд.

Хонум Розиева афзуд: «Санксияро додгоҳ медиҳад, аммо додгоҳ Ҳуснигулро надида, ғоибона додааст. Охир, ӯ террорист набуд, экстремист набуд, ки ғоибона санксия диҳанд».

Боздошти Ҳуснигул Даминова

Наздикони Ҳуснигул Давлатова, собиқ корманди шӯъбаи бозрасии давлатии радио ва телевизионии Кумитаи радио ва телевизизиони Тоҷикистон мегӯянд, номбурда 28 сентябри соли равон дар ноҳияи Фархор аз сӯи се корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки худро муаррифӣ накардаанд, бурда шудааст.

Давлаталӣ Даминов, бародари Ҳуснигул, мегӯяд, чандин рӯз ӯро ҷустуҷӯ кардаанд: «Намедонам кӣ буданд, чӣ кор мекарданд. Милисахонаи Фархор одам роҳӣ карду апаамро гирифта бурдааст. Вай дар тӯйи хешамон буд. Мо нафаҳмидем, ки чӣ гапу чӣ кор аст. Ин ҷо гуфтанд, ки даъватнома ба додгоҳ додаем, аммо мо надидем».

Оқои Даминов мегӯяд, пас аз чор рӯзи боздошти хоҳараш як номаеро гирифтаанд, ки бар пояи он, аз нигаҳдории Ҳуснигул дар боздоштгоҳи муваққатӣ ва бо кадом ҷурм дастгир шудани ӯ огоҳ шудаанд.

Баҳси манзил ва иттиҳом ба авбошӣ

Хонум Розиева мегӯяд, Ҳуснигул бар асоси аризаи шикоятии раиси Кумитаи радио ва телевизион аз рӯи моддаи 237-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошӣ боздошт шудааст. Ба қавли ӯ, бар аризаи шикоятӣ як наворе замима шудааст, ки дар он Ҳуснигул Даминова раиси Кумитаи радио ва телевизионро дар дафтари кориаш ҳарфҳои носазо гуфтааст.

Вакили дифоъ ва наздикони Ҳуснигул мегӯянд, тайи як соли ахир ҳолати рӯҳии ӯ хуб набуд ва далели муноқишааш бо раиси кумита масъалаи манзил будааст. Қимат Розиева мегӯяд, Ҳуснигул 16 сол дар вазифаҳои гуногун дар телевизион кор карда, аммо барои ӯ манзил надодаанд.

Вай афзуд, дар соли 2009 ӯро аз кор сабукдӯш кардаанд, аммо Додситонии кулл ин фармони раиси Кумитаро ғайриқонунӣ хонда, Ҳуснигулро дар вазифааш барқарор кардааст. Вай афзуд, дигарбора Ҳуснигул моҳи апрели соли 2010 аз кор хориҷ шуда ва ба дастгоҳи раисҷумҳур шикоят бурдааст:

«Аз дастгоҳи раисҷумҳур шикоятро боз ба худи Кумита мефиристанд. Раиси Кумита ба ӯ ҷавоб медиҳад, ки сабукдӯш кардани ӯ аз вазифа қонунӣ буд. Чӣ тавр мешавад шикоятро ба касе фиристод, ки аз болои ӯ шикоят кардаанд? Ин аҷиб нест?»

Раиси Кумита: Шикоятҳои Даминова туҳматомезанд

Вакили дифоъ мегӯяд, раиси Кумитаи радио ва телевизион шикоятҳои хонум Даминоваро «тӯҳматомез» хонда, дар посухаш навиштааст, ки далелҳо заминаи ҳуқуқӣ надоранд. Раиси Кумита ҳамчунин навиштааст, хонум Даминова мунтазам қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатиро вайрон ва бе сабабҳои узрнок ба кор ҳозир намешуд, аз ин хотир аз вазифа озод шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вакили дифоъи Ҳуснигул Даминова мегӯяд, вазъи равонии нафари таҳти ҳимояташ дар боздоштгоҳ бад аст ва аз бемории равонӣ дандонҳояш муттасил дард мекунанд.

Боздошти Ҳуснигул Давлатова дуввумин боздошти кормандони Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон аз сӯи мақомоти тафтишотӣ аст. Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон қаблан Ҳабибулло Ташрипов, раиси шӯъбаи тиҷоратии кумитаро ба иттиҳоми ситонидани ришва ба маблағи 30 ҳазор доллар боздошт карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG