Пайвандҳои дастрасӣ

Вокунишҳо ба ҷараёни интихобот дар Қирғизистон


Дар Қирғизистон интихоботе ҷараён дорад, ки қарор аст, низоми идории ин кишварро ба фарқ аз давлатҳои президентии Осиёи Марказӣ ба низом порлумонӣ табдил диҳад. Янеш Ленаршич, намояндаи аршади Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки нозирони он ҷараёни интихоботро мушоҳида мекунанд, гуфтааст, вай аз раванди осоиштаи раъйдиҳӣ дар шаҳри Уш, маркази хушунатҳои моҳи июн хушҳол аст. Вай гуфт:

"Бениҳоят муҳим аст, ки одамон тавонистанд, иродаи хешро баён кунанд. Ҳоло муҳим аст, ки ин иродаи онҳо ба таври росту дуруст дар натиҷаҳои интихобот бозтоб ёбад ва шадидан муҳим аст, ки ҳама ин натиҷаҳоро бипазиранд. Орому ҳамвор ҷараён ёфтани ҳамаи ин чизҳо барои кишваре, ки ахиран аз хушунату зӯровариҳо такон хӯрдааст, хеле муҳим мебошад."


Порлумони нав сарвазири нави кишварро, ки салоҳиятҳои густарда хоҳад дошт, таъин хоҳад кард. Раъйдиҳандагон аз табдил шудани Қирғизистон ба ҷумҳурии порлумонӣ дар назархоҳии умумии моҳи июн пуштибонӣ карданд. Дар интихобот номзадҳо аз 29 ҳизб барои 120 курсии порлумони нав мубориза мебаранд ва коршиносон мегӯянд, ба камияш 6 ҳизб аз монеаи панҷдарсада хоҳанд гузашт.
XS
SM
MD
LG