Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундравони суннӣ корманди ҳастаии Эронро рабудаанд


Ситезаҷӯёни ҷунбиши Ҷундуллоҳи суннимазҳабони Эрон ба воситаи торнамои хеш хабар дод, ки Амриҳусейн Широнӣ, корманди нирӯгоҳи ҳастаии Эронро дар вилояти Исфаҳон гаравгон гирифтааст. Дар изҳороти Ҷундуллоҳ омадааст, Широнӣ донандаи иттилои махфиест, ки ифшои он барои ҳукумати Эрон гарон тамом мешавад. Созмони ситезҷӯёни суннӣ талаб кардааст, ки дар ивази пинҳон доштани ин маълумот ҳукумати Эрон маҳбусони суннӣ ва балуҷро озод кунад. Ҷундуллоҳ онҳоро маҳбусони сиёсӣ унвон кардааст. Мақомоти давлати Эрон ин изҳоротро камарзиш хонда, гуфтаанд, Широнӣ муддати кӯтоҳе дар Созмони энержии ҳастаии Эрон кор кардааст.
XS
SM
MD
LG