Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаноатмандии Роза Отунбоева аз ҷараёни интихобот


Раиси ҷумҳури Қирғизистон, Роза Отунбоева гуфт, интихобот ва шумориши оро ба таври шаффоф ҷараён хоҳад гирифт. Вай афзуд, ин ҳолат барои эътирозу таҳрикҳои иғвоангез ҷое боқӣ нахоҳад гузошт. Отунбоева дар Бишкек дар ҷамъи хабарнигорон гуфт:

"Имрӯз барои мо мисли як рӯзи одӣ ва муқаррарӣ буд. Аз он ҷо ки мо ин равандро шаффоф ва боз мешуморем, ин ҳолат ба ягон ихлолгар имкон нахоҳад дод, кишварро ба ҳолати дағдағаи сиёсӣ, гӯем, рӯбарӯ кунад."


Зоҳиран нозирони дигар низ аз рафти раъйдиҳӣ розиянд. Янеш Ленаршич, намояндаи аршади Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки нозирони он ҷараёни интихоботро мушоҳида мекунанд, гуфтааст, вай аз оғози осоиштаи раъйдиҳӣ дар шаҳри Уш, маркази хушунатҳои моҳи июн хушҳол аст. Дар интихобот номзадҳо аз 29 ҳизб барои 120 курсии порлумони нав мубориза мебаранд ва қарор аст, низоми порлумониро дар кишвар ҷорӣ намоянд. Раъйдиҳӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар моҳи июн бар асари даргириҳои қавмӣ миёни қирғизҳо ва узбактаборон зиёда аз 400 нафар кушта ва ҳазорон нафар аз манзилҳои худ маҳрум шуданд.
XS
SM
MD
LG