Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳури раҳбари ояндаи Кореяи Шимолӣ дар телевизион


Ким Чен Ун, вориси эҳтимолии Ким Чен Ир, ҳамагӣ 27 сол дорад
Ким Чен Ун, вориси эҳтимолии Ким Чен Ир, ҳамагӣ 27 сол дорад

Ким Чен Ун, писари раҳбари Кореяи Шимолӣ, ки вориси эҳтимолии мақоми олии ин кишвар унвон мешавад, дар як намоиши зиндаи телевизионӣ зоҳир шуд. Ӯ якҷо бо падараш Ким Чен Ир дар намоиши ҳарбии 65-умин солгарди ҳизби ҳоким дар Пхенян ширкат кард.

То ин дам таҳлилгарон дар мавриди раҳбари ояндаи Кореяи Шимолӣ тахминҳои гуногун мезаданд. Вале ширкати Ким Чен Уни 27-сола дар ҷашнвораи ҳизбӣ дар паҳлуи падараш ба ин баҳсҳо нуқта гузошт.

Ким Чен Ун писари севвуми раҳбари феълии Кореяи Шимолист. Як моҳ қабл ӯ дар анҷумани Ҳизби ҳоким ноиби раиси кумиссюни марказии ҳарбии ҳизб таъин шуд. Дар ин анҷуман Ким Чен Ири 68-сола, ки бино ба хабарҳо, вазъи сиҳҳаташ хуб нест, ба вориси худ унвони генералӣ дод.

Зимнан, худи Ким Чен Ир соли 1980 дар ҳамин гуна нишаст вориси мақоми падараш Ким Ир Сен эълон шуда буд ва аммо фақат баъд аз 14 сол, яъне баъд аз даргузашти ӯ, раёсати Кореяи Шимолиро бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG