Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати сарони мусулмон ва яҳудӣ дар ҳамоиши Вотикон


Нахустин бор раҳбарони мусулмон ва яҳудӣ дар ҷаласаи сарони мазҳабии калисои католик таҳти раёсати попи Рум, Бенедикти 16, барои баррасии роҳҳои кӯмак ба сулҳи байни Исроил ва фаластиниҳо ва муқовимат ба тундгароии исломӣ ширкат карданд. Попи Рум гуфт, адёни ҷаҳонӣ бояд арзишҳои маънавӣ ва фарҳангиеро тақвият диҳанд, ки мардумро ба иттиҳод оранд ва ҳама гуна зӯровариро рад кунанд. Гуфта мешавад, раҳбарони мусулмон ва яҳудӣ ба таври ҷудогона дар ин ҳамоиш сухан хоҳанд кард. Дар он ҳамчунин аз нақзи ҳуқуқи насрониён дар Ироқ, Миср ва Туркия низ сӯҳбат хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG