Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 7 покистонӣ дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин


Дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Иёлоти Муттаҳида ба маҳалҳое дар Вазиристони Шимолӣ 7 ситезаҷӯи эҳтимолӣ кушта шудаанд. Гуфта мешавад, аъзои гурӯҳи мусаллаҳи Ҳафизгул Баҳодур ҳадаф будаанд, ки мунтазам ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ҳамла мекунанд. Пештар Толибони покистонӣ таҳдид карданд, ки агар Иёлоти Муттаҳида зарбаҳои ҳавоияш ба қаламрави Покистонро қатъ накунад, корвонҳои икмолотии НАТО-ро дар роҳ ба Афғонистон ҳадаф қарор хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG