Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархе аз торнамоҳо дар Тоҷикистон ҳамоно бастаанд


Иттиҳодияи миллии таъминкунандагони дастрасӣ ба интернет гуфтааст, дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон торнамои Фарғона.ру низ баста шудааст. Ин дар ҳолест, ки дастрасӣ дар Тоҷикистон ба сомонаҳои Авеста.тҷ, Тҷкнюз, Сентразия.ру ҳамоно номумкин аст. Аммо бархе аз корбарони интернет ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, дастрасӣ ба Фарғона.ру ва ин торнамоҳо дар бархе аз манотиқ ва аз тариқи баъзе аз ҷиҳозҳои мухобиротӣ мумкин аст. Онҳо ҳадс мезананд, ки расонандагони интернет ба комилан бастани роҳи ин торнамоҳо қодир нестанд ва ё бастани онҳо ба таври давраӣ сурат мегирад. Дастрасӣ ба ин торнамоҳо пас аз даргириҳо дар ноҳияи Рашт ва нашри хабарҳо аз талафоти нерӯҳои давлатӣ маҳдуд гашт. Робитаи телефонӣ бо Рашт низ то ҳанӯз номумкин аст.
XS
SM
MD
LG