Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зуҳури раҳбари ояндаи Кореяи Шимолӣ дар телевизион


Шахсе, ки аз тарафи бисёриҳо раҳбари ояндаи Кореяи Шимолӣ дониста мешавад, дар як намоиши зиндаи телевизиони давлатии ин кишвар зоҳир шуд. Ким Йонг-Ун, писар ва вориси эҳтимолии раҳбари олии Кореяи Шимолӣ, Ким Йонг Ил, якҷо бо падари хеш дар намоиши ҳарбии 65-умин солгарди ҳизби ҳоким дар Пхенян ширкат кард. Ким Йонг-Ун дар анҷумани Ҳизби коргари Кореяи Шимолӣ дар моҳи гузашта ноиби раиси кумиссюни марказии ҳарбии ҳизб таъин шуд ва унвони генералӣ гирифт. Коршиносон ин таҳаввулотро нишонаи ба курсии қудрати падари бемораш наздиктар шудани ӯ номиданд.
XS
SM
MD
LG