Пайвандҳои дастрасӣ

HRW: Як рӯзи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳонро сабт кунем


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар якҷо бо 60 ниҳоди дигар, аз ҷумла Оксфам ва Салиби Сурхи Амрико аз ҳазорон нафар дар саросари олам дархост карданд, ки вазъи имрӯзаи ҳуқуқи инсон ва андешаҳои хешро дар навори кӯтоҳи видеоӣ сабт намоянд. Ин созмон мақсад дорад, як рӯз, яъне 10-уми октябри соли 2010-ро аз тариқи чунин наворҳои видео аз саросари дунё дар таърих сабт намояд. Аз онҳое, ки дар кишварҳои дорои суръати ками интернет ба сар мебаранд, дархост шудааст, навори худро ба намояндагии Барномаи рушди Созмони Милал дар он кишвар бисупоранд. Қарор аст, аз ҷамъи ин наворҳо филми мустанаде бо номи "Як рӯзи ҷаҳон" сохта шавад.
XS
SM
MD
LG