Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷараёни интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон


Дар Қирғизистон интихоботи порлумоние ҷараён дорад, ки қарор аст, онро ба кишвари порлумонӣ табдил диҳад. Раъйдиҳӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар моҳи июн бар асари даргириҳои қавмӣ миёни қирғизҳо ва узбактаборон зиёда аз 400 нафар кушта ва ҳазорон нафар аз манзилҳои худ маҳрум шуданд. Хушунатҳо дар ҳоле сар заданд, ки дар моҳи апрел раисиҷумҳури Қирғизистон, Қурманбек Боқиев, дар ҷараёни як шӯриш аз мақомаш барканор гардид. Янеш Ленаршич, намояндаи аршади Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтааст, ки нозирони он ҷараёни интихоботро мушоҳида мекунанд, гуфтааст, вай аз оғози осоиштаи раъйдиҳӣ дар шаҳри Уш, маркази хушунатҳои моҳи июн хушҳол аст. Дар интихобот номзадҳо аз 29 ҳизб барои 120 курсии порлумони нав мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG