Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯҳканҳои Чилиро рӯзи чаҳоршанбе наҷот хоҳанд дод


Амалиёти наҷоти 33 кӯҳкан аз нақби фурӯрафта дар Чилӣ ба эҳтимоли зиёд рӯзи чаҳоршанбе оғоз хоҳад ёфт. Вазири маъданҳои Чилӣ Лоуренс Голборн эълом дошт, ки то боз кардани кон 96 метр фосилаи дигар мондааст. Кӯҳканҳо аз 5-уми август ба ин сӯ, пас аз фурӯафтии як қисми кони мис ва тило, дар умқи 700 метр асир мондаанд. Голборн гуфт:

"Мо умедворем, агар тамоми нақшаи мо дуруст пеш равад, рӯзи чаҳоршанбе берунории онҳоро шурӯъ кунем."

Дар оғоз гумон мерафт, кӯҳканҳо дар садама фавтидаанд. Аммо пас аз 17 рӯз онҳо аз худ хабар доданд ва амалиёти наҷот оғоз ёфт. 65 рӯзе, ки онҳо дар зери заминанд, тӯлонтарин муддати зинда мондани кӯҳканҳо баъд аз фалокат шумурда мешавад.
XS
SM
MD
LG