Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шералӣ Мирзоев, сарвари Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар як конфронси минтақавӣ дар мавзӯъи амнияти марзҳо ва рушди тиҷорат сӯҳбат мекард, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон хостори таҳкими марз ва таъмини амнияти минтақаҳои озоди тиҷоратӣ шуд.

Вай афзуд, ҷангиён ва ҷинояткорон дар либоси тоҷирон ба Тоҷикистон аз Афғонистон ворид мешаванд.

Мақомот хостори таҳкими марз шуданд

Тибқи иттилоъи расмӣ, панҷ сол ба ин сӯ, дар марзи миёни вилоятҳои Бадахшони ду кишвар, дар қисматҳои Хоруғ, Ишкошим ва Дарвоз - се минтақаи озоди тиҷоратӣ фаъолият мекунанд ва ҳамчунин манотиқ дар Ванҷу Шӯробод низ ифтитоҳ хоҳанд ёфт.

Ин манотиқ ба Тавилдараву водии Рашт, ки дар қабл ва ҳоло маҳалли даргирӣ бо ҷангиён буданду ҳастанд, наздик мебошанд.

Сарвари Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз тафсилоти мавзӯъ худдорӣ кард ва ба суолҳои рӯзноманигорон ҳам посух нагуфт.

Ноамниҳо дар Афғонистон дар рушди тиҷорат монеъаҳо эҷод кардааст

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадалам Андаробӣ, мудири умумии гумрукоти вазорати молияи Афғонистон мегӯяд, ноамниҳои ахир дар Афғонистон ба рушди тиҷорат бо Тоҷикистон мушкил эҷод кардааст:

«Мухолифини ҳукумати Афғонистон мекӯшанд, ки амният дар марзҳо набошад. Бахусус, барои қочоқбарони маводи мухаддиру дигар ҷинояткорон ҳар қадар ноамнӣ бошад, инҳо хубтар равуомад мекунанд. Аз ин вазъ гурӯҳҳои террористӣ ҳам истифода мебаранд. Ба ин асос, онҳо марзҳоро ҳамеша ноором мекунанд ва дар ин манотиқ нуфус мекунанд»

Оқои Андаробӣ афзуд, бо ин вуҷуд, марзҳои шимолии Афғонистон дар қиёс бо марзҳои ҷанубиаш амнтар аст.

Дар ҳамин ҳол, Алиҷон Шукуров, намояндаи утоқҳои тиҷорати Тоҷикистон дар Афғонистон мегӯяд, ба рушди тиҷорат бо кишварҳои ҷануб мавонеъи сунъӣ низ вуҷуд доранд, бахусус дар гумрукоти Тоҷикистон:

«Баъзан дар конфронсу нишастҳои инфиродӣ дар Афғонистон иштирок мекунам. Як афғоне, ки мансабдор нест, салоҳият надорад, одами оддӣ аст, мегӯяд, ки ман дар фалон ҷо ришват додам ё дар гумруки шумо ин кор шуд. Ё мегӯяд, ки Тоҷикистон рафт ва ин корҳои ношоён шуд. Ба мо бад мерасад. Баъзан баҳона карда, аз ин сӯҳбатҳо фирор мекунам»

Дар ҳоле, ки Ӯзбакистон боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар қаламравашро идома медиҳад ва низ далоили дуздӣ ва тахриби онҳо дар ин кишвар ошкор шудаанд, масири ҷанубӣ тариқи Афғонистон барои Тоҷикистон аҳамияти вижа пайдо мекунад.

Афзоиши мушкилоти амниятӣ дар масирҳои тиҷоратӣ

Тоҷироне, ки дар масири Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон тиҷорат мекунанд, мегӯянд, дар қиёс бо қабл бо мушкилоти амниятӣ дучор меоянд.

Аҳмад Валӣ, як тоҷир аз Афғонистон мегӯянд, гурӯҳҳои мусаллаҳи номаълум, роҳзанон ва мухолифини давлати Афғонистон ба тоҷирон ҳамла мекунанд ва молу амволи онҳоро ба сирқат мебаранд:

«Дар қисматҳои Бағлон, байни Имом Соҳибу Қундуз азияту озор медиҳанд, пул мегиранд, васоитро мегардонанд. Ҳатто оташ доданд. Сарнишину ронандаҳояшро ҳатто куштанд. Ин ҳаводис дар ҳамин авохир рух медиҳанд. Мардум бо дилу гарму итминон равуомад намекунанд»

Коршиносон мегӯянд, дар ҳоли ноамн ва ғайримумкин шудани тиҷорат тариқи ин масир Тоҷикистон боз ба мушкили нав хоҳад часпид.

Бозаргонон дар рӯбарӯи ҷолишҳои нав

Давлатмурод Ҷумъаев, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ин масъала бояд бо мақомоти амниятии Афғонистон ба миён гузошта шавад:

«Танҳо роҳи Чину Қирғизистон мемонад, ки хеле дур аст. Аз ин тараф бо Ӯзбакистон мушкили интиқоли молу коло пеш омадааст, агар аз тарафи ҷануб бо Покистону Афғонистон ин кор шавад, зиндагии мардум хеле вазнин мешавад»

Қаблан Созмони ҷаҳонии ғизоъ ҳушдор дода буд, ки Тоҷикистон эҳтимол дорад ба мушкили камбуди ғизоъ мувоҷеҳ шавад.

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон дар ҳудудҳои шарқиаш ҳоло ба мушкили ноамнӣ мувоҷеҳ шудааст ва илова шудани мушкилоти иқтисодӣ, зимистони ояндаро барои кишвар сахт хоҳад кард.

Онҳо мегӯянд, ин ҳол ниҳодҳои марбут ба иқтисоди кишварро ба гирифтани тадобири зарурӣ таҳрик медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG