Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯзи сукут" дар интихоботи порлумонии Қирғизистон


Пагоҳ, 10 октябр, дар Қирғизистон интихоботе баргузор хоҳад шуд, ки қарор аст, низоми идории Қирғизистонро аз президентӣ ба порлумонӣ табдил диҳад. 29 ҳизби сиёсӣ барои 120 курсӣ вориди сабқат шудаанд. Ҳукумати ояндаи Қирғизистонро ҳизби пирӯз ё эътилофи аксарият ташкил хоҳад дод. Раиси ҷумҳури Қирғизистон, Роза Отунбоева рӯзи ҷумъа дар Бишкек ба хабарнигорон гуфт, бо вуҷуди овозаҳои эҳтимоли ташаннуҷи авзоъ интихобот дар кишвараш баргузор хоҳад шуд. Бар пояи ноустувории авзоъ дар ҷануби Қирғизистон пас аз хушунатҳои хунини моҳи июн дар байни қирғизҳо ва узбактаборони Ушу Ҷалолобод ва ҳамчунин талошҳои эҳтимолии интиқомҷӯёнаи тарафдорони раисиҷумҳури пешин Қурманбек Боқиев хатари нооромиҳои нав дар Қирғизистон вуҷуд дорад. Боқиев ва ҳамсафони ӯ дар як тазоҳуроти оммавӣ дар моҳи апрели соли равон аз қудрат барканор шудаанд.
XS
SM
MD
LG