Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи нав ба корвони икмолотии НАТО дар Покистон


Мусаллаҳон дар ҷанубуғарби Покистон бори дигар мошинҳои икмолотии нерӯҳои НАТО-ро ҳадафи оташ қарор доданд. Намояндаи ҳукумати маҳаллӣ, Наим Шервонӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, наздики 20 нафари мусаллаҳ субҳи имрӯз ба маҳалли таҷаммӯи 30 мошини боркаши НАТО дар наздикии шаҳраки Сибӣ ҳамла оварда, дастикам як посбонро захмӣ кардаанд. Ин шашумин ҳамлаи ситезаҷӯён ба корвонҳои икмолотии НАТО дар қаламрави Покистон буда, дар ҳоле ба амал меояд, ки ҳукумати Покистон бо эътироз аз зарбаҳои НАТО дар қаламраваш роҳи ағбаи Хайбарро бастааст ва акнун танҳо роҳи ҷанубӣ аз ҷанубуғарби Покистон боз боқӣ мемонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG