Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Салиби Сурх ба осебзадагони даргириҳои Рашт


Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ба осебдидагони даргириҳои 22-юми сентябр дар ноҳияи Рашт кӯмак кардаанд. Ин имдод аз хайма, таҷҳизоти рӯзгор, зарфҳои обгирӣ ва маводи беҳдоштӣ додааст. Ҳамчунин, ба ноҳияи Рашт 2,5 тонна орд оварда шудааст. Ахиран, раиси барномаҳои фаврии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, Паскал Меж-Вагнер дар Душанбе бо сарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон роҳҳои расондани кӯмакҳои башардӯстона ба минтақаи низоъро баррасӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон бозсозии манзилҳои тахрибшуда дар Раштро бар дӯши хеш гирифта, бо ин мақсад ба минтақа масолеҳи бинокорӣ фиристодааст.
XS
SM
MD
LG