Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи маъракаи Чин зидди Ҷоизаи сулҳи Нобел


Ҳукумати имрӯз Чин маъракаи худро алайҳи барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел эълон шудани дигарандеши маҳбус Лию Сябао идома дод. Нашрияи давлатии Чин ин қарори Кумитаи ҷоизаҳои Нобелро як амали бузургманишона ва пешдоваронаи зидди Чин унвон кард ва гуфт, кумита бо ин тасмим худро беобрӯ кардааст. Дафъатан бо эълони тақдими ҷоиза ҳукумати Чин сафири Норвегияро даъват карда, эътироз намуд, ки Сябао як "ҷинояткори одӣ" мебошад. Барандаи ҷоизаи сулҳи соли гузашта, раисиҷумҳури Амрико, Барк Обама гуфт, ислоҳот ва мурооти ҳуқуқи инсон дар Чин бо суръати рушди иқтисодии он ҳамоҳанг нест. Сябао моҳи декабри соли гузашта барои даъвати сарнагунии режими коммунист ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG