Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон корвонҳои борбари НАТО-ро иҷозаи убур медиҳад


Андерс Фог Расмуссен - муншии умумии НАТО
Андерс Фог Расмуссен - муншии умумии НАТО

Андерс Фог Расмуссен, муншии умумии НАТО рӯзи ҷумъа гуфт, мақомоти мулкӣ ва низомии Покистон итминон додаанд, ки дар ояндаи наздик роҳи сарҳад ба Афғонистонро дубора боз менамоянд. Вай гуфт, аз нуқтаи назари амниятӣ бозкушоии марз як мавзӯи хеле зарурӣ мебошад.

Пас аз масдуд шудани сарҳади Покистон, корвонҳои борбари нерӯҳои НАТО дар дохили Покистон мавриди ҳамла қарор гирифтанд ва даҳҳо мошини ҳомили маводи ғайри низомии қувваҳои НАТО ба оташ кашида шуданд.

НАТО ва Покистон ҳар ду мегӯянд дар ҷанг алайҳи Толибон муттафиқанд.

Гуфта мешавад ҷангҷӯёни Толибон дар манотиқи наздик ба сарҳад мустақарранд ва аз онҷо ҳамалотеро ба ҳар ду кишвари Афғонистон ва Покистон созмондеҳӣ мекунанд.

Аммо таҳоҷуми бархе нерӯҳои НАТО ба хоки Покистон, Исломободро хашмгин сохт.

Ҷемз Аппасурай, сухангӯи НАТО рӯзи шанбе гуфт, масдуд шудани сарҳад ба таври фаврӣ, таъсире ба фаъолияти нерӯҳо дар Афғонистон надорад, зеро НАТО чандин роҳи дигари икмолотиро дар ихтиёри худ дорад.

Ҷемз Аппасурай дар Брюсел изҳор дошт:

«Ин мавзӯъ нороҳаткунанда аст, аммо дар икмолоти мо ҳеҷ таъсири стратегӣ ворид накардааст. Мо роҳи шимол, роҳи ҳавоӣ ва роҳҳои дигар аз худи Покистонро дар ихтиёр дорем. Мо аз тамоми роҳҳо истифода карда метавонем. Мо дар ҳоли ҳозир захираҳои қобили таваҷҷуҳ дорем. Аммо ин мавзӯъ набояд идома ёбад ва идомаи он воқеъан нороҳаткунанда хоҳад буд. Бинонбар ҳамин мехоҳем, ки ин мавзӯъ дар чанд рӯзи оянда ҳал шавад»

Аммо гуфта мешавад аксарияти маводи зарурӣ тавассути мошинҳо аз тариқи хоки Покистон мегузарад.
XS
SM
MD
LG