Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии футболбозони навраси тоҷик ба сабқати Осиё


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон марҳилаи омодагиро ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола дар шаҳри Норак шурӯъ кард.

Зоир Бобоев, сармураббии дастаи наврасони кишвар, ба радиои Озодӣ гуфт, ба ҷамъомади таълимию тамринӣ 22 футболбози наврас аз дастаҳои лигаҳои олӣ ва аввали Тоҷикистон даъват шудаанд.

Ба гуфтаи Зоир Бобоев дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар сабқати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки аз 24-уми октябр то 7-уми ноябри соли 2010 дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, дар гурӯҳи «А» қувваозмоӣ мекунад.

Футболбозони навраси тоҷик 24-уми октябр бо дастаи Урдун, 26-уми октябр бо дастаи Индонезия ва 28-уми октябр бо тими мизбон – Узбакистон дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд бозӣ хоҳанд кард.

Ба гурӯҳи «В» дастаҳои Эрон, Сурия, Кореяи Шимолӣ ва Уммон, ба гурӯҳи «С» Ҷопон, Австралия, Тимори Шарқӣ ва Вйетнам ва ба гурӯҳи «D» Аморати Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Чин ва Кувайт дохиланд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба чаҳорякфинал мебароянд. Чаҳор дастаи беҳтарини қора ба сабқати ҷаҳонии футболбозони наврас, ки соли 2011-ум дар Мексика доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.
XS
SM
MD
LG