Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқи башари Чин соҳиби ҷоизаи Нобел шуд


Лю Сяобо, ҳомии ҳуқуқи башари Чин
Лю Сяобо, ҳомии ҳуқуқи башари Чин

Ҷоизаи сулҳи Нобел имсол ба як дигарандеш ва ҳомии ҳуқуқи башари Чин лоиқ дониста шуд, ки айни ҳол дар маҳбас ба сар мебарад. Лю Сяобо яке аз муборизони ислоҳоти демократӣ дар ин кишвар маҳсуб мешавад.

Торбҷоерн Ҷегланд, раиси Кумитаи ҷоизаи Нобели Норвегия, имрӯз дар Осло ному насаби барандаи ин ҷоизаро эълон кард: “Кумитаи Нобели Норвегия тасмим гирифт, ки ҷоизаи имсол ба Лю Сяобо ба хотири муборзаи тулонӣ ва бидуни хушунаташ барои ҳуқуқҳои аслии инсол дар Чин супурда шавад”.

Лю Сяобои 54-сола, нависанда ва устоди донишгоҳ, умрашро сарфи талошҳо барои ислоҳоти сиёсӣ, аз ҷумла, ҳаққи шаҳрвандон барои озодии баён, мазҳаб ва гирдиҳамоиҳо дар Чин кардааст.

Муаллифи “Ойинномаи 08”

Ӯ яке аз муаллифони аслии “Ойинномаи 08” буд, ки дар он тақозои ислоҳоти сиёсӣ ва демократия дар Чини коммунистӣ шудааст. Ин санад, ки зери он беш аз 300 тан аз афроди маъруф, аз ҷумла, донишмандони ва адибони кишвар имзо гузошта буданд, моҳи декабри соли 2008 нашр шуда буд.

Лю Сяобо қабл аз нашри ин Ойиннома боздошт шуд ва бо иттиҳоми фаъолияти зиддидавлатӣ ба 11 соли маҳбас маҳкум гардид. Алҳол маълум нест, ки Сяобо дар маҳбаси воқеъ дар зодгоҳаш Тзинчжоу дар бораи соҳиби ҷоизаи сулҳи Нобел шуданаш хабар дорад ё не. Аз ин пеш ҳам Лю Сяобо барои ширкаташ дар тазоҳуроти донишҷӯён дар майдони Тянанмен дар соли 1989 маҳкум ба зиндон шуда буд.

Вокуниши Пекин ба тасмими Кумитаи Нобел


Вазорати умури хориҷии Чин бо пахши як изҳорот тасмими Кумитаи ҷоизаи Нобели Норвегияро маҳкум кард ва онро “тавҳин ба принсипи ҷоизаи сулҳ” номид. Аз ин пеш Пекин ба Кумитаи Нобел ҳушдор дода буд, ки супурдаи ҷоиза ба Лю Сяобо ба раводити миёни Чин ва Норвегия латма хоҳад зад. Айни ҳол Чин ва Норвегия дар робита ба имзои як созишномаи тиҷоратӣ гуфтушунид мекунанд.

Бо вуҷуди ҳушдори Пекин сарвазири Норвегия Ҷенс Столтенберг дар як изҳорот Лю Сяоборо бо дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел табрик гуфт. Аз ин ҷоиза дар Ҳонконг ҳам истиқбол карданд – имрӯз тақрибан 20 узви Ҳизби шаҳрвандӣ дар канори сафорати Чин ҷамъ омада, хостори аз маҳбас раҳо кардани Лю Сяобо шуданд. Мақомоти Фаронса, Олмон ва Тайван ҳам аз мақомоти Чин хостанд, ки дигарандешро озод кунанд, то ки ӯ имкони шахсан гирифтани ин ҷоизаро дошта бошад.

Имрӯз хабаргузории ФрансПресс иттилоъ дод, ки полиси Чин бо ҳар роҳу васила талош намуд то аз сӯҳбати хонуми Сяобо бо хабарнигорон ҷилавгирӣ кунанд. Ва аммо баъдан хабаргузориҳо гуфтаҳои Лю Сиюро оварданд, ки аз ҷоизаи шавҳараш ва талаби раҳоии ӯ сахт ба ҳаяҷон омадааст. Созмони Amnesty International ва ё Афви Байнулмилал Лю Сяоборо “ғолиби сазовор” номид ва аз Чин талаб намуд, ки ҳама маҳбусони сиёсиро аз зиндон раҳо кунад.

Истиқболи Далай Лама

Аз номзадии Лю Сяобо барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел барандагони дигари ин ҷоиза Десмонд Туту ва Далай Лама пуштибонӣ карданд. Соли 1989 Чин ба тасмими супурдани Ҷоизаи сулҳи Нобел ба Далай лама эътироз карда буд.

Имсол ба феҳристи номзадҳои Ҷоизаи сулҳи Нобел сарвазири Зимбабве Морган Свангирай, ҳомии ҳуқуқи башари Русия Светлана Ганнушкина, раисиҷумҳури пешини Ирландия Мэри Робинсон ва ҳамчунин интихоби Интернет ворид шуда буданд. Ба барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел 10 миллион крони Шветсия муодили як миллиону 490 ҳазор доллар супурда мешавад. Соли гузашта Барак Обама, раисиюумҳури Амрико барои талошҳои бесобиқааш дар таҳкими дипломатияи байнулмилалӣ ба Ҷоизаи сулҳи Нобел мушарарф шуда буд.

Ин ҳафта барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши тиб, физика, кимиё ва адабиёт эълон шуданд ва ному насаби соҳиби ҷоиза дар бахши иқтисод рӯзи душанбе, 11 октябр эълон хоҳад шуд. Маросими супурдани ҷоизаи сулҳи Нобел рӯзи 10 декабр дар Осло ва дигар ҷоизаҳои ҳамон рӯз дар Стокҳолм, пойтахти Шветсия баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG