Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе ва Домодедово бори мусофиронро эҳтиёт мекунанд


Фурудгоҳҳои Душанбе ва Домодедовои Маскав ба тавофуқ расидаанд, ки аз бедарак шудани борҷомаҳо ё ҷомадонҳои мусофирон якҷо пешгирӣ кунанд. Ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расидаанд, ки пеш аз бор кардан ва баъд аз анҷоми парвоз мавҷудияти борҷомаҳои мусофирон тафтиш карда шавад. Коршиносони шӯъбаҳои амнияти ҳар ду фурудгоҳ барои ошкор кардани нуқсонҳо, яъне боз кардани ҷомадонҳо, гум шудани бори мусофирон назорати қатъӣ хоҳанд бурд. Дар ин бора хабаргузориҳои Тоҷикистон иттилоъ додаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG