Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вавилон-Мобайл" ба муштарии худ мошин ҳадя кард


Бино ба хабарҳо, ширкати "Вавилон-Мобайл" ба муштарии як миллиону 900 ҳазоруми худ автомашинаи сабукрав ҳадя кард. Беҳзод Файзуллоев-раиси ин ширкат дар шаҳри Душанбе дар ҳузури меҳмонон ба ин муштарӣ, ки Мунира Ҳидоятзода ном дорад, калиди жигулии 07-ро тақдим кард. "Вавило-Мобайл" бузургтарин пешкашкунандаи хадамоти телефонҳои ҳамроҳ ё мобайл дар Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар ин замина ҳамаи хадамоти муосирро ба муштариёнаш пешкаш кардааст.
XS
SM
MD
LG