Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Волии вилояти Қундуз дар масҷиде дар Тахор кушта шуд


Пулис мегӯяд, имрӯз Муҳаммад Умар-волии вилояти Қундуз ва 14 нафари дигар ҳангоми адои намоз дар яке аз масҷидҳои вилояти Тахор кушта шудаанд. Муҳаммад Умар дар вилояти ҳамсоя дар Тахор дар масҷиде намоз мегузошт. Бино ба гузоришҳо, 20 нафари дигар дар ин инфиҷор ҷароҳат бардоштаанд. Шоҳҷаҳон Нурӣ-раиси пулиси вилояти Тахор гуфтааст, то ҳол рӯшан нест, ки ин ҳамлаи интиҳорӣ буд ё касе дар масҷид бам гузоштааст.
XS
SM
MD
LG