Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Озарбойҷон пулис риши ду касро зӯран тарошидааст


Чанд нафар ришдор дар ноҳияи Зақаталаи Озарбойҷон гуфтаанд, ки кормандони пулис онҳоро барои мондани риш таҳқир кардаанд. Ду мард дар Боку ба дафтари бахши озарии радиои Озодӣ омадаанд ва гуфтаанд, ки кормандони пулис онҳоро задаанд ва иҷборан риши онҳоро тарошидаанд. Коршиносони мазҳабӣ ба Озодӣ гуфтаанд, ҷабрдидагон бояд барои дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои худ бар зидди ин кормандони пулис ба додгоҳ муроҷеа кунанд. Ҷабрдидагони риштарошида мегӯянд, ки онҳо дар шиносномаҳояшон акси ришдор доранд ва ҳоло барои шиносоии худ ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд.
XS
SM
MD
LG