Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлисгоҳи боҳашамате “гулҳои сари сабади” миллатро ҷамъ оварда ва дар пардаи телевизион симои маъруфтарин донишмандону адибон, рӯзноманигорону ҳунармандон шинохта мешавад. Онҳо ба суханваре гӯш медиҳанд ва гуё ҳама бо ҳам мувофиқанд.

Аммо баъди маҷлис ҳама хона ба хона шуда, шояд дар ҳалқаи маҳдуди хонаводаи худ ҳарфҳои имрӯз шунидаашонро арзёбӣ мекунанд, гуфтаҳои суханвари сари минбарро шояд танқид ҳам мекунанд.

Инҳо умдатан рӯшанфикрон ё ҳамон намояндагони интеллигентсия ҳастанд. Аммо бархе ба ин боваранд, ки интеллигенсияи имрӯза онҳое нестанд, ки солҳои охири 1980-ум буданд. Онҳо акнун мисли нашрияҳои мустақили солҳои баъди ҷанги дохилӣ мӯҳри хомӯшӣ ба лаб зада, худсонсур шудаанд, андешаҳои дар сардоштаро ошкор намекунанд, шояд фикр мекунанд, ки эҳтиёт беҳтар аст, чунки давру замон дигар шудааст, мегӯянд онҳо.

Яке мегуфт, имрӯз давраи Бӯринисо Бердиева, Тоҳири Абдуҷаббор, Бозор Собир, Давлат Худоназаров, Шодмон Юсуф ё Гулрухсор нест, ки ошкоро бо раҳбарони давр сар ба сар зананд.

Дигаре мегӯяд, имрӯз чунин зарурат нест, зеро онҳо дар даврони маҳдудиятҳо ба сар мебурданд ва барои мубориза ҳадафҳои зиёд доштанд. Имрӯз Тоҷикистон соҳибистиқлол шудааст, кишвар озод аст ва гӯиё ҳеҷ рисолати наве дар баробари онҳо буда наметавонад.

Руҷӯъи таърихӣ

Аввал бубинем, мафҳуми интеллигентсия чист. Ин вожа аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш “дарк кардан”, “нирӯи дарккунанда” ва “дониш” аст.

Ба забони тоҷикӣ ин калима чун “зиёӣ” баргардон шуда, маънояш “дурахшанда”, “тобон”, “бомаданияту соҳибмаърифат” ва “равшанфикр” мебошад.

Зиёӣ нафарест, ки дар тӯли солҳо дар ҷомеа нақши муҳими иҷтимоиву сиёсиро бозида, дар тасмимгириҳои муҳими давлатӣ, дигаргунсозии ҷомеа ва расондани паёми тоза ба гӯши ҳукуматдорони давр саҳм гузоштааст.

Муаррихон мегӯянд, мардуми тоҷик чандин марҳилаи барҷастаи фаъолият ва муборизаҳои равшанфикронро шоҳид шудааст, ки
Муҳаммадҷон Шаркурӣ, донишманди тоҷик
муҳимтарини он дар давраи ташаккулёбии давлати Сомониён буд, ки забони форсӣ забони дуюм дар ҷаҳони Ислом шуд, баъдан дар аҳди маорифпарварон, ки барои инқилоби Бухоро ва ташкили ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон хизмат кардаанд ва ниҳоят, дар охири солҳои 1980-ум, замоне, ки бо талошҳои интеллигенсияи тоҷик забони тоҷикӣ мақоми давлатиро касб кард.

"Зарурати таърихӣ рӯшанфикронро фаъол мекунад"

Муҳаммадҷон Шакурӣ донишманди маъруфи тоҷик мегӯяд, рисолати иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии зиёиёнро таърих муайян мекунад ва “дар муҳимтарин давраҳои таърих, ки вазифаҳои нав пеш меоянд, интеллигенсия фаъол мешавад”.

Бо таъкид ба нақши таърихии Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абдурауфи Фитрат, Мунзим, Асирӣ, Аҷзӣ, Беҳбудӣ дар роҳи “растагории миллии тоҷик”, вай гуфт:

Дар ҷомеа рисолати таърихии зииёиён ақлҳоро сайқал додан, ақлҳоро равшан кардан, ба ҷумбиш овардан, дар роҳи иҷрои вазифаҳои нави таърихӣ сафарбар кардан мебошад”.

Аз нигоҳи аксарият, камрангии нақши зиёиён дар ҳаёти имрӯзаи ҷомеа аз бетафовутии онҳо нисбати рӯйдодҳои кишвар ва тасмимгириҳои муҳими мақомот, ба мисли тағйироти қонуну интиқодҳо аз тақаллуб шудани интихобот, бармеояд.

Дар мулоқоти ҳарсолаи аҳли зиё бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хеле кам шудааст, ки намояндагони фаъоли ҷомеа бо истифода аз шонси сӯҳбати рӯбарӯ бо президент роҷеъ ба баъзе масоили доғу баҳсталаб лаб кушоянд.

Бархе мунаққидон бахусус ба нақши каму хеле заъифи зиёиёни даври нав таъкид карда мегӯянд, инҳое, ки солҳои ҷанги дохилӣ таҳсил кардаву имрӯз унвони баланди муаллиму донишманд, корманди илмиву мутахассисро гирифтаанд, як сару гардан поинтар аз ҳамтоёни даврони шӯравиашон мебошанд.

Давлат дар назди рӯшанфикр масъала мегузорад

Далер Ғуфронов, хабарнигори ҷавони тоҷик мегӯяд, бо ин андеша розӣ аст ва дар баҳсҳои ҳамсон дар матубуоти Тоҷикистон ширкат кардааст. Ӯ дар мавриди тафовути интеллигенсияи гузаштаву имрӯза мегӯяд:

“Давлат дар назди интеллигенсия масъалагузор шудааст, давлат дар назди интеллигенсия вазифа мегузорад. Дар ҳоле, ки ба андешаи ман бояд баръакс бошад. Бо он, ки интеллигенсия ба идеологияи вақт такя карда ҳама гуна андешаву ибтикорашро дар ҳамин чорчӯба мушаххас кардааст, ба бунбаст гирифтор шудааст. Сабаби бунбаст дар он аст, ки рисолати аслӣ мушаххас нест. Интеллегент намедонад, ки дар ҳамин марҳилаи таърихӣ бояд ба кадом кор машғул шавад”.

Оқои Ғуфронво мегӯяд, ҷомеаи рӯшанфикрони тоҷик имрӯз гӯиё як симои мушаххасе надорад, ки аз он ба унвони пешвои ақлу маърифати миллӣ ном бурдан мумкин бошад:

“Масалан нафаре, ки мегӯем барои забони давлатӣ мубориза мебурд, барои истиқлолият, Тоҳири Абдуҷаббор буд. Имрӯз вақте симои интеллигенсияро ба ёд оварданӣ мешавем, намедонем киро ном гирем. Албатта устодони хуб зиёданд, лекин онҳо рисолати худро анҷом додаанд. Масалан, ба андешаи ман нафаре, ки ба мафҳуми комили интеллигент ҳоло муносиб аст, Барзу Абдураззоқов, коргардони театр аст”.

Акрами Абдуқаҳҳор, ҷавони андешавари дигари тоҷик, корманди телевизиони минтақаии К+ аст. Ӯ мегӯяд, зоҳиран онҳое, ки ба унвони рӯшанфикр имрӯз ба ҳукумати Тоҷикистон наздик ҳастанд, нирӯе нестанд, ки дар марҳилаи кунунии кишвар машварати дурусте барои раҳбарони давлат дода тавонанд.

Рӯшанфикрон аз маҳдуд шудани озодии баён нигаронанд

Оқои Абдуқаҳҳор мегӯяд, онҳое, ки воқеан ҳам соҳиби андешаву назари худ ҳастанд, ба эҳтимоли ғолиб аз фишор болои озодии баён андеша мекунанд:

“Бештарашон ба хориҷа рафтаанд. Нафароне, ки ин ҷо ҳастанд, наметавонанд садо баланд кунанд, чунки аксари васоити ахбори умум хусусӣ аст ва ҳоло садои онҳое баланд аст, ки пул медиҳанд. Мо нафарони андешаманду зиёӣ дорем, аммо ба онҳо намегузоранд, ки садо баланд кунанд ё ин ки онҳо метарсанд. Изҳороти ахири вазири мудофеа мисоли ин вазъ аст, ки вақте нашрияҳо ба кори ин сохтор баҳо доданд, базудӣ онҳо ба ёрдамчиёни террористон мубаддал шуданд”.

Аксарият мегӯянд, он рӯшанфикрони тоҷик, ки ҳарфаашон дар ҷомеа такондиҳандаву таъсирбахш буда метавонад дар зеҳни мардум
Акбари Турсон, донишманди тоҷики муқими Амрико
таҳаввулоти тозае ба миён оварад, ҳоло хомӯшанд ва ё Тоҷикистонро тарк кардаанд.

Ба унвони мисол, бархе машваратҳои донишманди муқими Амрико Акбари Турсон ба раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро хуб ёд доранд, ки ба зарурати ислоҳи идорӣ ва сохтории Фарҳангистони улуми Тоҷикистон даъват карда буд.

Ҳоло маълум нест, ки ин воқеан ҳам ҳосили талошҳои оқои Турсон буд ё на, аммо президент як моҳ пеш қарореро дар ин замина имзо кард. Гуфт мешавад, ки бархе аз донишмандону олимони собиқадор аз ин иқдом нороҳату озурда шуданд.

Набудани қишри рӯшанфикр ба маънои номуташккилии миллат аст

Чанде пеш ҳуқуқшиноси номдор Ашӯрбой Имомов дар нашрияи “Миллат” андешаҳои худро дар заминаи рисолати имрӯзаи рӯшанфикр чоп кард, ки ҳоло пораҳое аз онро қироат мекунем:

Рӯшанфикрӣ дар Тоҷикистон ҳамчун қишри мутташакил ва ё баркамоли ҷомеа ҳанӯз ташаккул наёфтааст. Ва номуташаккилии рӯшанфикрони мо ифодаи муташаккил набудани миллати тоҷик мебошад”.

Ашӯрбой Имомов дар идома матлаби худ менигорад, рӯшанфикри тоҷик имрӯз бештар андармони ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии худ аст, то дар фирки анҷоми рисолати рӯшанфирӣ бошад: “Рӯшанфикри тоҷик ҳоло бештар дар пайи зиндагии моддӣ андармон буда, ҳар гуна пешравии илмӣ, фарҳангӣ, ақлонӣ ва умуман зеҳнии худро ба дарёфт ва соҳиб гаштан ба молу мулк равона кардааст. .. Рӯшанфикри тоҷик аксаран дар ташвиши зиндагӣ аз мунтазам сайқал додани дониши худ дур аст… Ҳама дар доираи касбу ихтисоси худ дармондаанд ва аз иштирок дар муҳокимаи масоили доғи рӯз худро канор мегиранд…

Ӯ дар марвиди пойгоҳи фиркии рушанфикрони имрӯзи менавимсад: "Афроди рӯшанфикр ба худ қолаби дунявиро касб карда, арзишҳои мусулмониро эътироф ва расму оинҳои исломиро риоя намекунанд”.

Пойгоҳи иҷтимоӣ ва фикрии рӯшанфикр мушаххас нест
Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони маъруфи тоҷик

Рустами Ваҳҳобниё, як пажӯҳишгари маъруфи тоҷик ҳам мегӯяд, дар ҷомеаи имрӯза ҳанӯз пойгоҳ ва рисолати зиёӣ мушаххас нашудааст ва рӯшанфикрон имрӯз намедонанд, ки чӣ бигӯянд, ҷойгоҳи онҳо дар куҷост ва дар баробари масоили ҷомеа чӣ тавр бархӯрд кунанд?

Ӯ мегӯяд: “Зиёии мо ба унвони рӯшанфикр ҳатто пойгоҳи иҷтимоӣ ва мардумӣ надорад. Чаро? Чунки он чизе, ки саҳми ӯро дар ин замина ишғол мекунад, ӯро иваз мекунад, ин тоифаи дигаре аст, ки дар байнаш рӯшанфикрони зиёд ҳастанд. Яъне рӯшанфикрони суннатӣ, мазҳабӣ, касоне, ки мо ҳанӯз ҳозир нашудаем онҳоро ба шумори интеллигенсия ворид кунем. Як қонуни нонавиштае буд, ки мегуфт: рӯшанфикр онест, ки арзишҳои мазҳабиро инкор кунад. Ин чиз боис шудааст, ки рӯшанфикри мо аз пойгоҳи мардумӣ ба ҳадде фосила дошта бошад. Яъне ҳатто пойгоҳи мардумию эътиқодӣ надошта бошад”…

Оқои Ваҳҳобниё афзуд, ки аммо то рафт ин фосила кӯтоҳтар шуда, базудӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон як бахши бонуфузи пешвоҳои мазҳабӣ ба унвони рӯшанфикрони ҷомеа эътироф хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG