Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар "Зарафшон" тавлиди тилло афзоиш ёфтааст


Раҳбари корхонаи муштараки "Зарафшон" ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, ки тавлиди тиллову нуқра ва мис дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ин корхона ба маблағи 147 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи Бобохон Бобохонов-раҳбари корхона, то поёни сол ин маблағ ба 200 миллион сомонӣ хоҳад расид, ки он тақрибан 45 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло нархи фелизоти гаронбаҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло рафтааст ва тавлиди бештари он даромади бештар меорад. Ин корхона дар моҳҳои январ-август як тоннаву 70 килограмм тилло тавлид кардааст.
XS
SM
MD
LG