Пайвандҳои дастрасӣ

Лию Сябао барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел эълон шуд


Норозии сиёсии Чин Лию Сябао барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2010 дониста шуд. Торбёерн Ягланд-раиси Кумитаи норвегии Нобел имрӯз дар Осло ҳангоми эълони баранда гуфт, бо вуҷуди хатар ба ҷони шахсӣ Луӣ беҳтарин мудофеи ҳуқуқи башар будааст:

"Кумитаи норвегии Нобел тасмим гирифт, ки ҷоизаи сулҳи Нобел барои соли 2010-ро барои муборизаи хастагинопазир ва давомдор барои асосҳои ҳуқуқи башар дар Чин ба Сиаобо диҳад".

Луӣ Сиаобо 54 сол дорад ва дар моҳи декабри соли 2009 барои 11 сол маҳкум ба зиндон шуд. Вай бар зидди маҳдудияти озодии баён ва озодиҳои мазҳабӣ дар Чин мубориза мекард.
XS
SM
MD
LG