Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рашт УБОП дубора боз мешавад?


Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар садади таъсиси дубораи раёсати минтақаии мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати корҳои дохила ё УБОП дар навоҳии водии Рашт шудаанд. Ин раёсат соли 2008 мунҳал шуд. Ҳарчанд сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки чунин тасмим ҳанӯз гирифта нашудааст, аммо огоҳони умур дар Рашт мегӯянд, ки тамоми корҳои муқаддамотӣ барои фаъолияти дубораи ин раёсат анҷом гирифтааст. Аз ҷумла, чанд идора, ба шумули идораи кишоварзӣ аз маҳалли худ кӯч дода шуда ва гуфта мешавад, ки дар ҷои он раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи минтақаӣ мустақар хоҳад шуд. Ин раёсат дар ҳоле дубора эҳё мешавад, ки аз се ҳафта ба ин сӯ дар минтақаи Рашт амалиёти зидди гурӯҳҳои мутшаккили мусаллаҳ идома дорад.
XS
SM
MD
LG