Пайвандҳои дастрасӣ

6 пулиси афғон дар ҳамлаи нируҳои Амрико кушта шуданд


Ёқубхон-муовини фармондеҳи пулиси вилояти Хусти Афғонистон мегӯяд, 6 нафар пулиси афғон, ки ба сӯи як чархболи амрикоӣ дар шарқи Афғонистон тир андохтанд, дар оташи ҷавобӣ кушта шудаанд. Ин ҳодиса субҳи ҳамин рӯз рух додааст. Ёқубхон мегӯяд, садҳо нафар деҳотиёни ба ғазабомада ҷасади ин кормандони пулисро ба назди хонаи волии вилоят оварданд ва эътироз карданд. Онҳо чунин шиор медоданд: "Марг бар Амрико", "Зинда бод Толибон". Сухангӯи нируҳои НАТО мегӯяд, ба ин ҳодиса расидагӣ сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG