Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои олии сулҳи Афғонистон расман ифтитоҳ шуд


Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро як маҷмаи мустақил хонд ва гуфт, ки ба хотири хатми ҷанг дар Афғонистон, ин шӯро дар тасмимгирияш худмухтор аст.

Ҷаноби Карзай, ки ба рӯзи панҷшанбе дар маросиси ифтитоҳи шӯрои олии сулҳ дар миёни аъзои ин шӯро ва хабарнигорон сӯҳбат мекард, аз ҳамкории ҳукумат Афғонистон бо Шӯрои олии сулҳ низ итминон дод.

Карзай хостори сулҳ бо Толибон аст

Оқои Карзай афзуд: «Шӯрои олии сулҳ як марҷаъи бузурги умедвории мардуми Афғонистон аст .Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба тамоми маъно пуштибонӣ ин ҳаракати мост ва мардуми Афғонистон орзуманди комёбии ин ҳаракати мо мебошад. Шӯрои олии сулҳ дар файсалаҳо ва кӯшишиҳои худ як шӯрои мустақил ва худмухтор аст. Давлати Афғонистон ҳамкори шумост.Ҷое, ки шумо зарурат дошта бошед ба мо садо кунед».

Оқои Карзай як бори дигар аз Толибон хост силоҳашонрон ба замин бигзоранд ва ба ҷараёни сулҳ бипайванданд.

Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар моҳи гузашта ба манзури дарёфти заминаҳои муассири музокира бо мухолифини мусаллаҳи давлати Афғонистон аз сӯи раиси ҷумҳури Карзай ташкил шуд.

Шӯрои олии сулҳ ба асоси тасмими Ҷиргаи миллии машваратии сулҳ эҷод шуда аст. Аммо то ҳол раиси ин шӯро баргузида нашудааст.

Дар таркиби ин шӯро ҳудуди 70 нафар шомиланд, ки гуфта мешавад бахши бузурге аз ин афродро чеҳраҳои собиқи ҷиҳодӣ ташкил медиҳанд. Гурӯҳе, ки дар гузашта алайҳи Толибон меҷангидаанд.

Умедвориҳо аз кори ин шӯро

Дар ин ҳол, бархе аз аъзои ин шӯро ба даст доштан дар ҷароими ҷангӣ ва фаъолиятҳои зиддибашарӣ муттаҳаманд.

Таркиби Шӯрои олии сулҳ сабаби нигаронии шуморе аз ниҳодҳои маданӣ шуда ва аъзои ин ниҳодҳо хоҳони таҷдиди назар дар таркиби ин шӯро шудаанд.

Аммо раиси ҷумҳур Карзай дар маросими ифтитоҳи Шӯрои олии сулҳ гуфт, ки аъзои ин шӯро пас аз машвараҳои зиёд ва диққати комил интихоб шудаанд.

Оқои Карзай ҳамчунон ибрози умедвори кард, ки Шӯрои олии сулҳ битавонад ба бахши ташвиқи мухолифин ҷиҳати оштӣ бо ҳукумати Афғонистон муваффақ шавад.

Дар ҳоле, ки ҳукумати Афғонистон барои таъмини сулҳ дар Афғонистон талош мекунад, гурӯҳи Толибон ин талошҳоро беҳуда хондааст.
XS
SM
MD
LG