Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари сарвазири Чин ба Туркия оғоз меёбад


Сарвазири Чин, Вен Ҷябао сафари дурӯзаеро ба Туркия оғоз кард. Дар дидору гуфтушуниди ӯ бо сарвазири Туркия, раҷаб Тайиб Эрдуғон ва президент Абдуллоҳ Гул масъалаҳои марбут ба густариши тиҷорат дар байни ду иқтисоди дар ҳоли рушд баррасӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, байни онҳо 10 созишнома дар риштаҳои энержӣ, нақлиёт ва фарҳанг ба имзо хоҳад расид. Густариши робитаҳо ва ширкати ҳавопаймоҳои ҷангии Чин дар размоишҳои ахир дар Туркия нигарониҳои Вошингтонро ба бор овардааст. Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, инҳо нишонаи ба Шарқ рӯ овардани Туркияанд.
XS
SM
MD
LG