Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хостори ихроҷи муҳоҷирони қочоқбар шудааст


Думаи давлатии Русия имрӯз тарҳи пешниҳодии ҳукумати ин кишварро баррасӣ мекунад, ки бино бар он хориҷиёни муттаҳамшуда ба қочоқи маводи мухаддир аз Русия ихроҷ карда мешаванд. Он ҳамчунин вуруди чунин афродро ба Русия манъ мекунад. Дар санади муаррифии тарҳ гуфта мешавад, ки дар қочоқ ва нашри маводи мухаддир дар Русия асосан шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон фаъоланд. Гуфта мешавад, онҳо ҳамчун муҳоҷирони корӣ вориди Русия мешаванд ва дар қаламрави он озодона ҳаракат мекунанд. Кумитаи давлатии назорат бар маводи мухаддири Русия, ки аз муаллифони ин тарҳ мебошад, гуфтааст, аз аввали сол 221 муҳоҷир бо иттиҳоми қочоқ ва таблиғи истеъмоли маводи мухаддир муҷозот шудаанд.
XS
SM
MD
LG