Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагиҳо ба ҷашнвораи синемои "Дидор" дар Душанбе


Аз 12-ум то 16-уми октябр дар шаҳри Душанбе чаҳорумин ҷашнвораи синамои "Дидор" ҷараён хоҳад ёфт. Дар он филмҳое аз Ҳолланд, Фаронса, Швейтсария, Русия, Гурҷистон, Қазоқистон ва Узбакистон ба намоиш хоҳанд омад. Зимни барномаи ҷудогона филмҳо аз кишвари форсизабони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон меҳвари ҷашнвораи "Дидор"-ро ташкил хоҳанд дод. Нахустин бор ин ҷашнвора дар соли 2004 бо ташаббуси коргардони саршиноси эронӣ Мӯҳсини Махмалбоф ва синамогарони тоҷик бо мадади созмонҳои байнулмилалӣ баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG