Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Фаронса аз тарҳи манъи бурқа ҳимоят кард


Додгоҳи олии қонуни асосии Фаронса қонунмандии манъи ниқоб ва бурқа дар ҷойҳои ҷамъиятиро тасдиқ кард. Вале гуфт, масҷиду ибодатгоҳҳо дар ин ҳолат набояд "ҷойҳои ҷамъиятӣ" шумурда шаванд. Қонунгузории нав дар навбати аввал ба либоси занони мусулмон нигаронида шуда ва эътирози онҳоро ба бор овардааст. Интизор меравад, тарҳи қабулшуда дар баҳори соли 2011 эътибор пайдо кунад, аммо коршиносон мегӯянд, ояндаи тарҳ ба ҳалномаи Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар Страсбург бастагӣ хоҳад дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG