Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи муҳоҷирони кории қирғиз аз Алмаато


Ҳафтае, ки гузашт, дар Алмаато амалиёти вижае бо номи "Безопасний город" ё "Шаҳри бехатар" анҷом гирифт. Ҳадафи ин амалиёт боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ аз шаҳри Алмаато буд.

Хонум Салтанат Азирбек, сухангӯи раёсати пулиси муҳоҷирати Алмаато, дар робита бо ин амалиёт ба мо гуфт:

"Дар робита бо ин назорат бар раванди муҳоҷират дар шаҳри Алмаато тақвият ёфт. Бозорҳо, сохтмонҳои хусусӣ, нуқтаҳои савдо ва хӯроки умумӣ мавриди тафтиш қарор гирифтанд. Дар ҷараёни амалиёт шаҳрвандони хориҷӣ боздошт шуданд. Дар зарфи ду рӯзи амалиёт тақрибан ҳазор нафар боздошт шуданд. Дар байни онҳо аксаран шаҳрвандони Қирғизистон ва Узбакистон ҳастанд. Шаҳвандони Тоҷикистон хеле каманд. Бо тасмими додгоҳ ин муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Қазоқистон ба кишварашон ихроҷ мешаванд".

Сафорат: Тоҷикҳо дар ин ҷо хеле каманд

Як корманди масъули сафоратхонаи Тоҷикистон дар Алмаато, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, дар миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон каманд.

"Тоҷикони мо нисбатан камтаранд. Ҳоло сохтмонҳо ҳам кор накарда истодаанд. Мардуми зиёд рафтагианд. Дар ин ҷо хеле каманд".

Дар ҳамин ҳол, сарҳанг Марат Кезембаев, сардори раёсати пулиси муҳоҷирати Алмаато, ба матбуот гуфтааст, муҳоҷирони кории хориҷӣ дар гузашта бештар дар сохтмонҳо кор мекарданд, вале ҳоло онҳо бештар дар бозорҳо бо тиҷорат машғуланд, дар нуқтаҳои савдои шаҳр ва дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ кор мекунанд.

Ба гуфтаи Кезембеков, низ амалиёти вижа маҳз дар бозорҳо ва дар чунин нуқтаҳо анҷом гирифтааст. Мақомоти интизомии Қазоқистон афроди боздоштшударо, ки аслан шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд, бо автобусҳо ба посгоҳи гумрукии марзи миёни Қирғизистону Қазоқистон интиқол додаанд.

Шикояти муҳоҷирон


Улан Маданбеков, шаҳрванди Қирғизистон ва яке аз муҳоҷирони боздоштшуда, мегӯяд, ки дар бозорҳои Алмаато танҳо шаҳрвандони Қирғизистонро боздошт кардаанд:

"Аз субҳ чизе нахӯрдаем. 2 рӯз аст дар гумруки Қирғизистон одамони зиёд ҷамъ шудаанд. Ҳатто иҷоза намедиҳанд, ки ба ҳоҷатхона равем. Моро одам ҳисоб намекунанд. Дар байни мо одамони кӯдакдор ва занони ҳомила низ ҳастанд. Касе ба онҳо нигоҳ намекунад. Дар бозорҳо танҳо шаҳрвандони Қирғизистонро боздошт мекунанд".

Улан Маданбеков ин суханонро аз гумруки Ақ Жоли Қирғизистон воқеъ дар марзи миёни Қирғизистону Қазоқистон телефонӣ ба бахши қирғизии радиои Озодӣ изҳор дошт. Вайро бо хонумаш ба он ҷо оварда буданд ва вай ҳамроҳ бо муҳоҷирони дигар ихроҷ ё ба истилоҳ депортатсияро мунтазир буд. Боздошти дастаҷамъии шаҳрвандони Қирғизистон ё муҳоҷирони ғайриқонунии ин кишвар дар Алмаато мақомоти расмии Қирғизистонро бетараф нагузошт.

Нигарониҳои Бишкек

Айгул Рисқулова, вазири кор ва муҳоҷирати Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки шаби 5-ум ба 6-уми октябр дар ду автобус 120 нафар шаҳрвандони Қирғғизистонро ба посгоҳи гумрукии Қирғизистон интиқол додаанд. Вай аз чунин шеваи боздошти шаҳрвандонаш дар Алмаато ва ихроҷи онҳо розӣ нест ва чунин мегӯяд:

"Ин депортатсия ҳисоб намешавад. Барои депортатсия қарори додгоҳ зарур аст ва ё бояд протоколи маъмурӣ тартиб дода шавад. Вале ба шаҳрвандони мо гуфтаанд, ки шумо ҳуҷҷат надоред, ба ватанатон баргардед. Бо ин суханон онҳоро ба марз интиқол додаанд. Ҳоло аз 120 нафар 80 нафар ба Қазоқистон баргаштаанд ва ба корҳои худ идома медиҳанд. Ҳуҷаттҳои дигарон тафтиш мешавад".


Мақомоти интизомии шаҳри Алмаато мегӯянд, ки равандҳои муҳоҷират ба вазъи ҷиноӣ дар шаҳр асари манфӣ гузоштааст. Аз оғози соли ҷорӣ то ҳол бештар аз 2 000 шаҳрванди хориҷӣ барои нақзи қонуни кор ва иқомат дар Қазоқистон аз ин кишвар ронда шудаанд. Мӯҳлати иқомати садҳо нафари дигар маҳдуд шудааст. Касе аз ҳамсӯҳбатони радиои Озодӣ ба ин нукта ишора накард, ки оё раванди ихроҷи дастаҷамъии шаҳрвандони Қирғғизистон аз Қазоқистон бо нооромиҳои ахири Қирғизистон иртибот доштааст ё хайр.

Вале Айгул Рисқулова, вазири кор ва муҳоҷирати Қирқизистон мегӯяд, миёни Қирғизистону Қазоқистон ду қарордод дар бораи муҳоҷирони корӣ вуҷуд дорад. Яке дар бораи муҳоҷирати корӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ ва дигарӣ дар бораи танзими муҳоҷирати корӣ. Муҳоҷирони Қирғизистон бештар дар бахшҳои тиҷорат кор мекунанд ва тибқи қонунҳои Қазоқистон ононе, ки бо тиҷорат машғуланд, муҳоҷир дониста намешаванд, балки қарордодӣ кор мекунанд ва тибқи иҷозатномаи корӣ ба Қазоқистон молёт ё андоз месупоранд.

Аммо мушкили мавҷуда ин аст, ки қарордоди дуввум дар порламони Қазоқистон ба тасвиб нарасидааст ва ҳоло дар ин кишвар эътибор пайдо накардааст, бо вуҷуди ин ки порламони Қирғизистон онро ба тасвиб расонда буд. Ба ҳамин сабаб тоҷирони қирғиз дар Қазоқистон дучори мушкил шудаанд.
XS
SM
MD
LG