Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душанбе-2 – барандаи Ҷоми Султон Мирзоев


Дастаи "Душанбе-2"- ғолиби мусобиқа

Дастаи "Душанбе-2"- ғолиби мусобиқа

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми хотираи Султон Мирзоев, футболбози маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик, бо пирӯзии дастаи Душанбе-2 хотима ёфт.

Ин даста, ки аз ҳисоби шогирдони мактаби махсуси футболи шумораи 10-и пойтахти кишвар ташкил шудааст, дар бозии ниҳоӣ бо тими наврасони шаҳри Қӯрғонтеппа рақобат кард.

Замони асосӣ ва изофӣ бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Дастаи ғолиб (мураббиаш Алиҷон Турдиназаров), ки рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра муайян шуд, бо Ҷоми ёдбуди Султон Мирзоев, медалҳои тилло ва дипломҳои дараҷаи аввал сарфароз гардид.

Ба дастаи шаҳри Қӯрғонтеппа (мураббиаш Умед Шарифов) ҷоми хотиравӣ, дипломҳои дараҷаи дуввум ва медалҳои нуқра супурда шуданд.

Дастаи Душанбе-1 (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол, мураббиаш Зайниддин Раҳимов), ки бар тими шаҳри Исфара бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд, мақоми севумро касб кард.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқаи анъанавӣ футболбозони навраси вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Ҷаноби Мирзоев афзуд: “Умедворем, ки дар оянда аз байни онҳо ба мисли шодравон Султон Мирзоев, собиқ бозигари дастаҳои машҳури “Помир”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа, футболбозони моҳир ба камол мерасанд”.

Ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори дувоздаҳум баргузор шуд, таҳти сарпарастии Бунёди рушди варзиши ба номи Султон Мирзоев, ки ба он писари шодравон – Фарҳод Мирзоев, мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Газпромнефт-Тоҷикистон”, раҳбарӣ мекунад, доир гашт.
XS
SM
MD
LG