Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои осебпазир


Tajikistan - A girl is selling bread in a market in Panjakent city, Apr2008

Tajikistan - A girl is selling bread in a market in Panjakent city, Apr2008

СММ Тоҷикистонро дар феҳрасти 22 кишвари ҷаҳон қарор додааст, ки ба далели таъсири офатҳои табиӣ, нооромиҳо ва заифии ниҳодҳои давлатӣ имкон дорад ба бӯҳрони бардавоми озуқа рӯбарӯ шаванд.

Ин гузориши СММ бар асоси пажӯҳишҳои Барномаи озуқаи СММ ва Ташкилоти озуқа ва кишоварзии ҳамин созмон таҳия шудааст.

Ҳеддер Ҳиёл, аз Барномаи озуқаи СММ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки ин кишвар аз лиҳози амнияти ғизоӣ осебпазир аст ва ба ҳамин далел дар ин феҳрасти 22 кишвари аз лиҳози таҳдиди бӯҳрони ғизо осебпазири ҷаҳон қарор гирифтааст.

Хонум Ҳиёл афзуд: «Ин гузориш хеле ҷиддӣ ва ҳамаҷониба анҷом дода шудааст. Ба хусус масъалаи амнияти озуқаро шаффоф ва дақиқ таҳқиқ карда, сабабҳои боло бурдани сатҳи амнияти ғизоӣ дар он нишон дода шудааст. Тоҷикистон аз лиҳози амнияти ғизоӣ осебпазир аст».

Барномаи озуқаи СММ дар Тоҷикистон тибқи барномаҳои алоҳида ба беш аз 600 ҳазор сокини ин кишвар, ки қобилияти корӣ надоранд ва ё бесарпарасту шадидан камбизоат ҳастанд, кумаки ғизоӣ мерасонад. Ба хусус бархе аз мактабу ятимхонаҳоро бо ғизо таъмин мекунад.

Раддияи намояндагии СММ дар Тоҷикистон


Аммо Насим Ҷовид, раиси Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон, мегӯяд, Тоҷикистонро бӯҳрони ғизоии давомдор таҳдид намекунад. Ҷаноби Ҷовид ба Радиои Озодӣ гуфт, бино ба иттилое, ки мақомоти Тоҷикистон дар ихтиёри мо қарор додааст, 300 ҳазор тонна ғаллаи захирашуда аз соли гузашта ва боз 300 ҳазор тонна захираи имсола боқӣ мондааст.

Бар илова, ба гуфтаи вазорати кишоварзӣ, имсол ҳосили ғалла 800 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки дар маҷмӯъ 1 миллиону 400 ҳазор тонна ғалла мешавад. Ин дар ҳолест, ки ниёзи мардуми Тоҷикистон ба ғалла дар сол 1 миллиону 200 ҳазор тонна баровард шудааст.

Ҷаноби Ҷовид афзуд: «Мо ба андозаи кофӣ дар Тоҷикистон ғалла дорем. Вале мушкил он аст, ки на ҳама мардум ба хариди гандум дастрасӣ дорад. Бархе хонаводаҳое ҳастанд, ки дар Русия муҳоҷири корӣ надоранд ва ё дар Тоҷикистон бекоранд. Ин теъдод мардум осебпазиранд. Ба истилоҳи мо, мардуми камбизоатанд, ки шумори онҳо зиёд нест. Аз ин лиҳоз мо ба гузориши СММ мувофиқ нестем».

Барномаи коҳиши камбизоатӣ

Ин дар ҳолест, ки теъдоди мардуми камбизоат дар Тоҷикистон зери 50 дарсад тахмин зада мешавад ва давлати Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2010 барномаи нави коҳиши камбизоатиро тасвиб кард.

Баҳром Эшбоев, яке аз масъулони ин барнома дар вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: «Бар асоси таҳқиқотҳои солҳои 2000-2003, мизони камбизоатӣ 72,4 дарсад буд. Дар соли 2007 ба 53,7 дарсад расид ва ахиран, бино ба пажӯҳиши оҷонси омори назди президенти ҷумҳурӣ, камбизоатӣ ба 46,7 дарсад расидааст».

Бо вуҷуди беш аз 46 дарсади мардуми камбизоат дар Тоҷикистон Наим Ҷовид, раиси Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, вазъи Тоҷикистонро бо кишварҳои дигари осебпазир, аз ҷумлаи 22 кишвар ва бо кишварҳои Африқо, ғайри қобили қиёс мешуморад.

Ҷаноби Ҷовид гуфт: «Беш аз 800 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия кор мекунад ва ҳар моҳе хонаводаҳо то 200-долларӣ дарёфт мекунанд. Бар илова замини назди ҳавлӣ доранд ва мол доранд. Ва ин мардум мисли кишварҳои дигар азиятзада нестанд ва даст ба сӯи созмонҳои хайрия дароз намекунанд. Ба ин далел мо ба муҳтавои ин барнома рози нестем».

Бо ин ҳол, Тоҷикистон дар 7 моҳи соли равон аз созмониҳову кишварҳои хориҷӣ ба миқдори 63 миллион доллар кумакҳои башарӣ ворид кардааст. Бахши аъзами ин ёриҳо барои зарардидагони офатҳои табиӣ ихтисос ёфтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG