Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши маргталабе дар шимоли Афғонистон


Имрӯз бар асари таркиши бомбгузори маргталабе дар шимоли Афғонистон як сарбози олмонӣ кушта ва шаш тани дигар захмӣ шуданд. Вазорати дифои Олмон гуфт, ки ду сарбози захмӣ дар ҳолати сангин қарор доранд. Ин ҳамла дар Пули Хумрӣ, маркази вилояти Бағлон рӯй дод. Олмон бо 4,500 нирӯ сеюмин саҳмгузори бузурги нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон аст, ки зидди Толибон ва шӯришиён меҷангад. Нирӯҳои Олмон дар шимоли Афғонистон мустақар шудаанд.
XS
SM
MD
LG