Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теннисбози тоҷик ба финали сабқати нитихобӣ роҳ ёфт


Дилшод Шарифӣ, теннисбози тоҷик, ба марҳилаи ниҳоии сабқати интихобии минтақавии Большой шлем ё Тоскулоҳи бузург «Аustralian Open» роҳ ёфт.

Ибод Шарифӣ, ноиби президенти Академияи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, писараш Дилшод, ки феълан дар Академияи тенниси шаҳри Тампои иёлати Флорида машқ мекунад, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ду мусобиқаи интихобӣ ширкат варзид.

Ба гуфтаи Ибод Шарифӣ теннисбози ҷавони тоҷик дар мусобиқаи аввали минтақавӣ ғолиб шуд. Вай нахуст бар Бенҷамин Левии амрикоӣ бо ҳисоби 6-0, 6-0 пирӯз гашт. Баъдан ӯ дар бозии ниманиҳоӣ бар теннисбози Сербия Милош Копривич бо ҳисоби 4-6, 6-1, 6-1 ғолиб омад. Теннисбози ҷавони тоҷик дар бозии ниҳоӣ намояндаи дигари Амрико Рафал Кучарскиро бо ҳисоби 6-4, 6-0 шикаст дод.

Дилшод Шарифӣ дар давраи дигари сабқати интихобӣ то нимфинал бар теннисбози Исроил Нейт Шанок бо ҳисоби 6-0,
6-2 ва бар намояндаи ИМА Билл Кук бо ҳисоби 7-5, 6-2 ғалаба кард. Вале Дилшод дар бозии ниҳоӣ аз Стефан Ианнии итолиёвӣ бо ҳисоби 6-4, 7-6 мағлуб шуд.

Ба ин тартиб Дилшод Шарифӣ аз рӯи натоиҷи бозиҳои ду сабқати интихобии минтақавӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти интихобӣ, ки аз 16-ум то 20-уми октябр дар иёлати Флоридаи Амрико баргузор хоҳад шуд, роҳхат гирифт.
XS
SM
MD
LG