Пайвандҳои дастрасӣ

Пажуҳиши Идораи Созмони Милали Муттаҳаид дар умури мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноёт, ки дар ҳамдастӣ бо ҳукумати Афғонистон анҷом шудааст, афзоиши рӯзафзуни мӯътодӣ дар байни заноҳои афғонро ошкор кардааст.

Муҳаммад Иброҳим Азҳар, ноиби вазири мубориза бо маводи мухаддир теъдоди мӯътодони ҳеруин дар кишварро наздики 1 миллион номбар мекунад. Бахши бузурге аз занону кӯдакон низ ба ин гурӯҳ шомил будаанд.

Оғои Муҳаммад Иброҳи Азҳар ба радиои Озодӣ гуфт, ки даҳҳо ҳазори дигар мӯътоди машруботи алкоголӣ ва маводҳои дигар будаанд, ки, аз афюн тайёр мешаванд.

Бечорагӣ ва муҳоҷират - омили гирифторӣ

Ба гуфтаи Муҳаммад Иброҳи Азҳар ҷанги тулонӣ, бебизоатӣ ва фишорҳои иқтисодиву иҷтимоӣ аз омилҳое номбар мешаванд, ки занҳоро ба сӯи маводи мухаддир тела додаанд.

Оғои Азҳар ҳамчунин муҳоҷирати густардаи афғонҳоро аз сабабҳои дигари мӯътодӣ ба маводи мухаддир унвон кард.

Ӯ гуфт: «Бечорагиву беноавоӣ мардумро ба муҳоҷирати кишварҳои Покистону Ирон маҷмур кардааст ва гурӯҳҳои мафиои дар ибтидо ин мардумро мӯътод ва сипас қочоқбари маводи мухадир мекунунд".

Дар баробари омилҳое, ки ҳамсӯҳбати мо номбар кард, ҳамчунин хушунати хонаводагӣ, издивоҷҳои маҷбурӣ аз дигар авомили мӯътодии занҳо ба маводи мухаддир номбар мешавад. Гуфта мешавад, теъдоде аз занҳо ба делели он ки шавҳарҳояшон мӯътод будаанд, ба маводи мухаддир одат карданд.

Як зани нашъаманди афғон, ки номашро пинҳон кард, қиссаи муътодшавии худро ба Радиои Озодӣ чунин нақл кард:

"Шаҳарам муътод буд. Ба ӯ мегӯфтам, ки ин корро накунад. Вале ӯ истифода мекард ва ба хотире, ки садои ман баланд навашавад ва ҷангу даъво нашавад ба ман низ маҷбуран маводи мухаддир медод".

Ӯ мегӯяд, истифодаи ҳеруин тамоми зиндагиашро баҳам зад ва бадбахташ кард. Дар қадами аввал шавҳарашро аз даст дод. Баъдан бачаи 14 солааш аз номуси мӯътодии падару модараш худкушӣ кард.


"Хокаи таъсирбахш" - сабаби мӯътодшавии занон

Як зани дигари афғон бо хиҷолат аз мӯътодшавии худ ба ҳеруин қисса кард ва гуфт, ҳамааш аз он шурӯъ шуд, ки ӯ муддати мадид мариз буд, вале шавҳараш парво надошт ва ӯро ба духтур набурд.

Ин хонум ба назди марди ҳамсоя рафт, ки "хокаи таскинбахш" - ҳеруин дошт. Ҳамин тавр, ин хонум пойбанди ҳеруин шуд. Ӯ мегуяд: "Ман шармандаву шармсорам, зеро ҳама дар ҳонавода ва ҷамаъият медонанд, ки ман муътодам ва аз ман нафрат доранд. Бисёр мехоҳам аз ин мӯътодӣ ба зудӣ раҳо ёбам..."

Латифа Умедӣ, духтури шифохонаи мӯътодони маводи мухаддир дар бораи омилҳои дигар мӯътодии занҳои афғон ба маводи мухаддир мегӯяд, занҳо тарёкро ҳамчун дорӯи таскинбахш ва фурунишонандаи дард истифода мекунанд ва аз ин роҳ мӯътод мешаванд.

Ӯ мегӯяд, хуб мешуд, агар дар кишвар клиникаҳои ройгон мебуд, ки занҳо барои коҳиши дард на аз тарёк, балки аз дорухои зидди дард истифода мекарданд.

Латифа Умедӣ мегӯяд, ба табобат водор кардани шахси мӯътод хеле мушкил аст. Мутақоъид сохтани занҳои мӯътод даҳ баробар мушкилтар.

Ӯ мегӯяд, мӯътодии занон дар як ҷомеъаи муҳофизакоре ҳамчун Афғонистон, "доғи нангин" унвон мешавад.

Дини Ислом низ истифодаи мухаддиротро мамнӯъ кардааст. Ин аст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз шарми гунаҳкорӣ бисёр занҳои нашъаманд мӯътодии худро пинҳон медоранд ва табобат намешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG