Пайвандҳои дастрасӣ

Нависандаи Перу барандаи ҷоизаи Нобел шуд


Рӯзи панҷшанбе нависандаи Перу Марио Варгас Лиоса барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт эълон шуд. Фарҳангистони Шветсия гуфт, ки адиби 74-соларо ба хотири тасвири сохтори қудрат ва образҳои қавии муқовимату юриш ва бохтҳои инсон бо ин ҷоизаи мӯътабар қадрдонӣ мекунад. Дабири доимии Нобел Питер Энглунд дар мусоҳиба бо сомонаи интернетии ҷоизаи Нобел аз Стокҳолми Шветсия гуфт:

“Яке аз мавзӯъҳои муҳими асарҳои вай шикасти озодӣ, шӯриш, мубориза зидди ҳама гуна ситаму истибдод ва бохту пирӯзӣ мебошад”.

Лиоса яке аз қиссанависони маъруфи ҷаҳонист, ки эҷодиёташ ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудааст. Серхонандатарини онҳо “Ҷанги охири ҷаҳон”, “Хулио-хола ва қаламфарсо”, “Гуфтугӯе дар калисо” мебошанд. Соли 1990 Лиоса довталаби курсии раёсатҷумҳурии Перу шуд, вале дар сабқат бо Алберто Фуҳиморӣ ин муборизаро бохт.
XS
SM
MD
LG