Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори раҳбари Толибон дар Кундуз


Паймони низомии НАТО гуфт, ки дар паи ҳамлаи ҳавоӣ ва амалиёти низомии ин нирӯҳо дар шимоли Афғонистон як раҳбари Толибон ва ҳафт шӯришии дигар кушта шуданд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки амалиёти ҳавоии нирӯҳои эътилофӣ дар вилояти Тахор Мавлавӣ Ҷаводуллоҳро рӯзи чоршанбе кушта бар ҷой гузошт. Ҷаводуллоҳро дар куштори ахири 10 афсари полис дар вилояти ҳамсояи Кундуз муттаҳам мекунанд.
Дар хабари ҷудогонае аз қавли НАТО гуфта мешавад, ки ҳамчунин рӯзи чоршанбе волии ҳукумати соягии Толибон дар Бодғис Мулло Исмоил ва як узви баландпояи ин ҳаракат дар як амалиёте кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG