Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед маълумотро пинҳон доштааст


Кохи Сафед пеши роҳи талошҳои донишмандонеро гирифтааст, ки мехостанд ба ҷомеа дар бораи паёмадҳои бади рахнаи нафти халиҷи Мексик хабар диҳанд. Чунин аст хулосаи гурӯҳи таҳқиқотие, ки барои тафтиши ин қазия аз ҷониби Барак Обама таъйин шуда буд. Бо пахши изҳороте комиссиюни вижа ошкор кардааст, ки дафтари буҷаи Кохи Сафед дар охири моҳи апрел ва аввали моҳи май дархости маъмурияти миллии уқёнусияро дар заминаи оқибатҳои нохушояндаи он ҳодиса нахостааст дар ихтиёри ҷомеа қарор диҳад.
XS
SM
MD
LG